Logo GenDocs.ru

Поиск по сайту:  

Загрузка...

Масъалањои экологии кўли сарез - файл


скачать (97.6 kb.)


МАСЪАЛАЊОИ ЭКОЛОГИИ КЎЛИ САРЕЗ
Солҳои охир вазъи экологї масъалањои кӯли Сарез дар сатњњои гуногуни њукуматӣ, илмӣ, воситаҳои ахбори омма ва диќќати њамагон мавриди муҳокимаву омӯзиш қарор дорад. Имрӯз кўли Сарезро, ки чун мӯъҷизаи нодиру зебои табиат эътироф гардида, пеш аз ҳама вазъи кунунии ин офаридаи зебои табиат чанд сол боз диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб карда истодааст.

Тахминан соати 23-ву 15 дақиқаи вақти маҳаллии шаби 18 феврали соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи 9-10 балла як пораи ҷанубии кӯҳи Музкӯл фурӯ ғалтид. Деҳаи Усой бо тамоми аҳолӣ, хонаву дар ва чорво ба пуррагӣ абадан зери кӯҳпора монд. Ҳаҷми бузурги хоку санг дар дараи танг пеши дарёи Мурғобро баст. Он замон, об ҷамъ шудан гирифта, қадам ба қадам боло мерафту васеъ мегардид. Деҳаи Сарез, ки дар лаби дарёи Мурғоб ва Усой тахминан 20 км болотар буд, моҳи октябри ҳамон сол зери об монд. Баъдан ин кӯл номи Сарезро гирифт.

Сарбанде, ки дар натиҷаи фурӯ ғалтидани пораи кӯҳи Музкӯл ба вуҷуд омад (бо номи Усой машҳур аст), аз сангу хок ва дигар љинсҳои кӯҳи иборат буда, 2 миллиарду 220 миллион метрии мукааб ҳаҷм ё 6 миллиард тонна вазн, қариб 700 м баландӣ қариб 5 км паҳнӣ, 1 км дарозӣ ва 1 км2 масоҳат дорад.

Муаммое, ки то имрӯз вуҷуд дорад, ба пайдоиши кӯл ва то кадом дараҷа устувор, бехатар будани сарбанди он вобаста аст. Кӯл дар натиҷаи заминларза тасодуфан ба вуҷуд омад ва ҳамеша саволе ба миён меомад, оё мо метавонем бо ин тасодуф дилпур бошем?

Кӯли Сарез дар баландии 3262 метр (аз сатҳи баҳр) воқеъ буда, нуқтаи аз ҳама чуқураш 500 метр, дарозиаш 5,8 км, паҳнии аз ҳама зиёдаш 3,3 км аст.

Сарбанди иборат аз сангу хок ягона воситаест, ки то имрӯз ба ин андоза обро дар дараи танг нигоҳ дошта, бехатарии табиату сокинони поёни кӯлро то баҳри Арал таъмин мекунад. Вале кафолати устувории онро кӣ дода метавонад? Дар давоми мавҷудияти кўли Сарез олимону мутахассисон тибқи тадқиқоти худ хостанд ояндаи кӯлро муайян кунанд. Вале андешаҳо ҳамеша гуногун буданд. Ба ҳар ҳол аксари мутахассисон, бахусус солҳои охир, чи хеле дар мақолаи халқӣ омадааст «аз девори каҷ ҳазар кун» бар он ақидаанд, ки пеши роҳи хатарро гирифтан лозим аст.

Дар ин бобат мавқеи Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалї Раҳмонро бахусус қайд кардан зарур аст, ки чандин маротиба тибқи вохӯриҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ин масъаларо дар сатҳи олӣ мавриди муҳокима қарор дода буданд. Моҳи апрели соли 1999 дар Ашқобод дар вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба Бунёди Байналмиллалии Наҷоти Арал бахшида шуда буд, Президенти кишвар масъалаи кӯли Сарезро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ташкилотњои экологї дар Тоҷикистон муайян намуд. Моҳи июни соли 2000-ум бошад дар вохӯрии Душанбегии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қир ғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон) муроҷиатномаи алоҳидаи роҳбарони чор давлат оид ба Сарез қабул гардид, ки мақсади он ҷалб кардани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала буд. Дар форуми Байналмилалии Душанбе оиди оби тоза ба ќатори масъалаи бўњрони бањри Арал масъалањои экологии кўли Сарез њам муњокима шуданд.

Дар бораи хатари кӯли Сарез ва эҳтимоли канда шудани сарбанди он ҳанӯз моҳи апрели соли 1993 дар семинари Байналмиллалӣ оид ба наҷоти баҳри Арал, ки дар Вашингтон баргузор гардида буд, иттило паҳн гардид.

Дар натиҷаи заминҷунбии сахте, ки соли 1998 дар Афғонистон рўйдод, дар сарбанди кӯл тарқишҳои нав ба вуҷуд омада, тарқишҳои мавҷуда васеътар гардиданд. Тарқише, ки оби кӯл аз он берун меравад, 150 метр поёнтар аз сатҳи болои кӯл воқеъ буда, ҳамеша мавриди диққату омӯзиши мутахассисон мегардид ва гӯё солҳои дароз дар ҳолати он дигаргунии ҷиддие, ки боиси ташвиш шавад, мушоњида намегардад. Вале чи тавре зикр гардид, солҳои охир баъзе дигаргунињои ташвишовар ба амал омаданд.

Дар ҳолати канда шудани сарбанди Усой оби кӯл бо ҷараёни тез аз баландии беш аз 3200 м ҳаракат карда, ба водиҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ, Амӯ харобиҳои зиёде оварда, то баҳри Арал мерасад. Ҳангоми ҳаракати сел бо сангу гили зиёд дар баъзе ҷойҳо мавҷи он хеле баланд хоҳад шуд. Сел метавонад дар қаламрави кишварҳои соҳили дарёҳои Панҷ, Амӯи Тоҷикистон, Афғонистон, Ўзбекистон ва Туркманистон масоҳати 52000 км2 зер карда, ба 5 миллион ањолї, иншоотҳои хоҷагии халқ, киштзорҳо, нуқтаҳои аҳолинишин, олами ҳайвоноту наботот зарари калон меоварад.

Бояд зикр кард, ки масъалаи кӯли Сарез ҳамеша дар ду самт баррасӣ мегардад: бехатар гардонидани кӯл ва истифодаи захираҳои оби он барои давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал аҳамияти хеле калон доранд. Бо мақсади бартараф кардани хатари кӯл дар заминаи пешниҳодҳои коршиносони ватанию хориҷӣ чанд барномаи мушаххас таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи андешаи коршиносон ҳалли мушкилоти бавуқӯъомада тадбирҳои ҳамкоронаи кишварҳои минтақа ва ҷудо намудани маблағҳои зиёдро тақозо дорад.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат,. муњтарам Эмомалї Раҳмон соли 2018 аз тарафи СММ Дањсоли байналмилалии амал «Об барои рушди устувор соли 2018-2028» баъд аз таљлили љашни «Наврўзи Байналмилалї 2018» расман эълон шуда буд. Президенти кишвар дар ҷаласаи 54-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттањид баромад карда, баъзе маълумотҳои Ташкилоти Байналмилалии Нигоҳдории Тандурустиро номбар карданд: дар айни замон ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 5 млн аҳолӣ аз об маҳрум гардида аз байн мераванд, қариб 3 млрд бошад, ба оби тоза танқисї кашида, ба касалиҳои вазнин гирифтор мешаванд. Баробари бо суръат зиёд шудани шумораи аҳолӣ байни давлатҳо низоъҳои ҳарбӣ доир ба норасогии об сар зада истодаанд. Ин чорабинии муҳим баҳри беҳдошти оби нӯшокӣ ва захираҳои он гузаронида мешавад.

Сарватҳои обї дар Тоҷикистон хеле зиёданд, лекин аҳолии баъзе ҷойҳои аҳолинишин бо оби тоза таъмин нашудааст. Ифлоскунандаҳо дар оби нушокӣ аз 4 то 10 маротиба зиёд аст, ки боиси сар задании касалиҳои вазнин гардидааст. Барои аҳолиро аз оби нушокии тоза таъмин кардан маблағи зиёд сарф мешавад. Бинобар ин, одамон бояд ҳеҷ гоҳ ба исрофшавии об роҳ надиҳанд. Барои ин мо бояд шуур ва маданияти экологӣ дошта бошем. Барои ин маќсад дар байни донишљўён ва омўзгоронї ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров пурсиши афкор оиди масъалњои экологии кўли Сарез гузаронида шуд. Натиљаи он нишон дод, ки 92% омўзгорон ва донишљўён љонибдори ташкили мониторинги экологї дар ин минтаќа мебошанд.

Ҳамин тавр, об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат ба ҳисоб рафта, бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Масъалаи об паҳлӯҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, экологӣ дорад ва бо бехатарии фаъолияти ҳаёт зич вобаста аст. Таърих гувоҳи медиҳад, ки бӯҳрони обӣ одатан ба тезу тунд гардидани муносибатҳои байни мамлакатҳои ҳамсарҳад оварда мерасонад. Умуман, сарфакорона ва оқилона истифода бурдани ҳамаи сарватҳои табиат шуур, тафаккур ва маданияти экологии ҷомеаро талаб мекунад.
АДАБИЁТ

1. Очилов Њ ва диг. Об барои њаёт аст. Нашриёти Р.Љалил Хуљанд 2003

2.Паёми Президенти Љумњуриии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси

Олии Љумњурии Тољикистон 20-декабри 2018с.



3. Қонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи муњити зист» 2011


Скачать файл (97.6 kb.)

Поиск по сайту:  

© gendocs.ru
При копировании укажите ссылку.
обратиться к администрации